Муҳтарам шаҳрвандон ва андозсупорандагони гиромӣ!

Лоиҳаи пешакии Кодекси андоз дар таҳрири нав аз ҷониби Гурӯҳи кории байниидоравӣ дар ҳамкорӣ бо мушовирони сатҳи байналмилалӣ, коршиносони маҳаллӣ, намояндагони ниҳодҳои соҳавӣ, ассотсиатсияҳо ва доираи бахши хусусӣ бо назардошти таҷрибаи ҷаҳонӣ таҳия карда шудааст.

Лоиҳаи мазкур ҳуҷҷати ниҳоӣ набуда, дар доираи таклифу пешниҳоди асосноки Шумо такмил дода шуда, тибқи тартиби муқарраргардида ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол мегардад.

Аз ин лиҳоз, ҷиҳати такмил ва мукаммалгардонии лоиҳаи мазкур эҳтиромона хоҳишмандем таклифҳои худро ирсол намоед.

Мухлати пешниҳод то 25-феврали соли 2021.


Боркунии лоиҳаи кодекс: Лоиҳаи кодекси андози Ҷ.Т.